Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев: Моҷарои газ мушкили Аврупо низ ҳаст


Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия гуфт, ки моҷарои газ миёни Маскав ва Киев як мушкили дуҷониба нест ва бояд бо ширкати кишварҳои аврупоӣ ҳаллу фасл шавад. Сарвари Русия қаблан пешниҳод карда буд, ки ба хотири баррасии мавзӯъи транзити гази Русия ба Аврупо аз хоки Украина дар Маскав мулоқоти сарони кишварҳои содиркунанда, транзитӣ ва воридкунандаи газ баргузор шавад. Ва аммо Киев ин пешниҳодро рад кард, Иттиҳодияи Аврупо низ ба ин пешниҳод таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир накардааст.

Русия ва Украина ҳамдигарро дар эҷоди мушкил барои интиқоли газ муттаҳам мекунанд ва бар асари ин моҷаро айни ҳол 18 кишвари аврупоӣ ба мушкили дарёфти газ мувоҷеҳ шудаанд. Интизор меравад, ки ин мавзӯъ рӯзи шанбе дар музокироти сарвазирони Русия ва Украина баррасӣ шавад.

Сарвазири Бритониё Гордон Браун аз Русия ва Украина даъват кард, ки ҳарчӣ зудтар ба моҷарои газ хотима гузоранд ва транзити газ ба Аврупоро аз сар бигиранд. Ин изҳороти Браун баъд аз музокирот бо раисиҷумҳури Украина Виктор Юшенко садо дод, ки шоми панҷшанбе бо як сафари оҷил вориди Лондон шуд. Имрӯз Юшенко ин мавзӯъро бо раҳбарони Словакия, Молдова ва Лаҳистон низ матраҳ хоҳад кард.

Имрӯз мавзӯъи моҷарои газ миёни Киев ва Маскав дар Берлин, дар мулоқоти сарвазири Русия Владимир Путин ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар арафаи ин музокирот сарвазири Русия пешниҳод кард, барои харидории гази техникӣ, ки барои транзити маводи сӯхт зарур аст, консорсиуми байнулмилалӣ таъсис шавад. Украина изҳор кардааст, ки бидуни ин гази техникӣ аз сар гирифтани интиқоли газ ба Аврупо ғайримумкин аст.

XS
SM
MD
LG