Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон руасои чанд навоҳиро барканор кард


Дар идомаи нишасти густурдаи ҳукумати Тоҷикистон вазъ дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон баррасӣ шуд. Бо амри раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Бохтар ва Ҷиликул аз маснадҳои худ барканор шуданд. Раиси шаҳри Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев дар ин нишаст гуфт, ки соли сипаришуда дар пойтахт беш аз 20 ҳазор ҷойи кори нав таъсис шудааст ва ин раванд имсол низ идома хоҳад кард. Ӯ афзуд, ки дар пойтахт бунёди манзил ҳам вусъат ёфтааст. Ба иттилоъи сомонаи интернетии раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз ба дарозо кашидани Нақшаи генералии пойтахт, ҳаракати нобасомони нақлиёт дар роҳҳои шаҳр, пардохти нокофии маблағҳо барои истифода аз барқу газ аз сӯи аҳолии Душанбе изҳори нигаронӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG