Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Суғд 156 узви равияи "Салафия" ошкор шуданд


Дар вилояти Суғд 156 узви равияи мазҳабии мамнӯъи "Салафия" ошкор шуданд. Абдураҳим Қаҳҳоров, раиси Раёсати умури дохилаи Суғд ба хабарнигорон гуфт, ҳамаи онҳо айни ҳол таҳти назари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доранд. Ӯ афзуд, ки дар қаламрави вилоят ҳамчунин 11 узви “Ҳизб-ут-таҳрир” ва чаҳор узви як гурӯҳи Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) боздошт шудаанд. Аъзои боздоштшудаи ҲИУ - сокинони ноҳияи Исфараанд. Раҳбари ин гурӯҳ Анвар Қаюмов бо дархости мақомоти интизомии Тоҷикистон дар шаҳри Кобул аз сӯи кормандони мақомоти зидахли Афғонистон боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

XS
SM
MD
LG