Пайвандҳои дастрасӣ

Суқути чархболи амрикоӣ дар канори Кобул


Дар канори шаҳри Кобул як чархболи низомии амрикоӣ суқут кард. Ба иттилоъи ҳайати фармондеҳии ИМА дар Афғонистон, ҳамаи ҳафт сарнишину мусофирон бидуни осеб чархболро тарк карданд. Низомиёни амрикоӣ гуфтанд, ки сабабҳои суқути чархбол тафтиш мешавад ва аммо ин ҳодиса бо амалиёти мусаллаҳони мухолифи ҳукумат ягон бастагӣ надорад. Мақомоти Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки чархболи амрикоӣ бар асари ҳавои номусоид суқут кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG