Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ливнӣ ва Райс оташбас дар Ғаззаро баррасӣ мекунанд


Сипӣ Ливнӣ, вазири умури хориҷаи Исроил, барои баррасии мавзӯъи имкони оташбас дар навори Ғазза имрӯз вориди Вошингтон хоҳад шуд. Интизор меравад, ки дар мулоқоти ӯ бо Котиби давлатии ИМА Кондализа Райс роҳҳои ҷилавгирӣ аз қочоқи силоҳ ба минтақа ва пешгирии мусаллаҳшавии ҲАМОС низ матраҳ шавад.

Дирӯз ҲАМОС ба оташбаси яксола ба ивази берун кардани артиши Исроил аз навори Ғазза ва боз кардани гузаргоҳҳо розӣ шуд ва аммо Исроил ҳанӯз ба ин иқдом посух надодааст. Амалиёти низомии Исроил дар навори Ғазза се ҳафта боз идома дорад ва бар асари он, ба иттилоъи мақомоти Фаластин, беш аз 1100 нафар кушта шудаанд. Тақрибан нисфи қурбониён – мардуми осоишта, аз ҷумла, занону кудаконанд. Аз мушакҳои ҲАМОС 13 исроилӣ ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG