Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Браун хостори ҳалли "моҷарои газ" шуд


Сарвазири Бритониё Гордон Браун аз Русия ва Украина даъват кард, ки ҳарчӣ зудтар ба "моҷарои газ" хотима гузоранд ва транзити ин маводи сӯхт ба Аврупоро аз сар бигиранд. Ин даъвати Браун баъд аз музокирот бо раисиҷумҳури Украина Виктор Юшенко садо дод, ки шоми панҷшанбе бо як сафари оҷил вориди Лондон шуд.

Имрӯз мавзӯъи "моҷарои газ" миёни Киев ва Маскав дар Берлин, дар мулоқоти сарвазири Русия Владимир Путин ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар арафаи ин музокирот сарвазири Русия пешниҳод кард, барои харидории гази техникӣ, ки барои транзити маводи сӯхт зарур аст, консорсиуми байнулмилалӣ таъсис шавад. Украина изҳор кардааст, ки бидуни ин гази техникӣ аз сар гирифтани интиқоли газ ба Аврупо ғайримумкин аст.

XS
SM
MD
LG