Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Халабони қаҳрамон ва "мӯъҷиза" дар Ҳудзон


Халабони ҳавопаймое, ки ҳангоми шурӯъи парвоз дар ҳаво дучори мушкил шуду, ниҳоятан бо ҳамаи мусофиронаш амну саломат дар обҳои рудхонаи Ҳудзон фуруд омад, ба унвони қаҳрамон ситоиш мешавад.

Мақомот гуфтанд, ки ҳамаи 155 мусофирон ва тими халабонҳо, ки дар дохили ҳавопаймои ширкати US Airways қарор доштанд, ҳангоми фурудоӣ рӯи об ва баъди наҷотёбиашон дар ҳолати амн ва бидуни осебе берун шуданд. Ҳеҷ нафар дучори ҷароҳати ҷиддие нашудааст.

Мақомот гуфтанд, ки гузоришҳоро оид ба хароб шудани мотори ҳавопаймои навъи Airbus A320 дар ҳангоми парвоз, ки гуфта мешавад, бо сабаби вуруди паррандаҳо ба дохили он иттифоқ уфтодааст, таҳқиқ мекунанд. Ҳавопаймои мазкур шоми 15 январ аз фурудгоҳи LaGuardia-и Ню-Йорк баланд шуда, ба самти иёлати Каролинаи Шимолӣ ҳаракат мекард.

Волии Ню-Йорк Дейвид Петтерсон халабонеро, ки бо исми Чесли Салленберг муаррифӣ шудааст, ҳамчун қаҳрамоне ситоиш намуд, ки "дар обҳои Ҳудзон мӯъҷизае" кардааст.



XS
SM
MD
LG