Пайвандҳои дастрасӣ

Наримон, як сокини вилояти Хоразми Узбакистон соли ҳаштум аст, дар Маскав “таксӣ мезанад”.

Наримон мегӯяд, ба хотири сохтани хона ва таъмини рӯзии хонаводаи худ ҳамроҳ бо бародараш Азамат азоби ғурбатро ихтиёр кардааст ва феълан, ки бӯҳрони иқтисодӣ даст ба гиребони Русия задааст, мехоҳад бо талаби кору зиндагии боз ҳам беҳтар азми Амрико кунад. Ҳарчанд намедонад, дар он сӯи уқёнус, дар чунин дурии дур аз ватан ӯро чӣ мунтазир аст: “Дар ҳар сурат, зиндагӣ дар Узбакистон назар ба Тоҷикистон беҳтар аст. Ман аз муҳоҷирони тоҷике, ки дар ин ҷо хеле зиёданд, шунидам, ки мардум дар Тоҷикистон ҳатто нирӯи барқу газ надорад. Ҳоли мо, шукри Худо, хубтар аст. Дар Узбакистон мардум ба ҳар навъ ба сар мебаранд. Касе, ки пул дорад, зиндагиаш хуб аст, вале касе надорад, рӯзаш бо мушкил мегузарад. Маоши он ҷо барои як зиндагии хоксорона кофист, вале барои чизҳои дигар намерасад. Аммо ман бояд хона бисозам. Хона сохтан дар урфи мардуми мо бузургтарин орзуст. Ҳоло мехоҳам ба Амрико биравам, вале имконашро надорам. Ба ман гуфтанд, ки Амрико назар ба Маскав беҳтар аст. “

Азамат, бародари Наримон, дар Маскав устои мошин аст ва мегӯяд, дар моҳ то 800 доллар маош мегирад. Азамат бекорӣ дар Узбакистонро сабаби аслии рӯ ба муҳоҷират овардани худ ва миллионҳо тан аз ҳамватанонаш меномад.

Узбакистон аз кишварҳои аз нигоҳи саноатӣ пешрафтатари Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Вале тавре ба назар мерасад, ин кишвар
“Наримон: "Дар ҳар сурат, зиндагӣ дар Узбакистон назар ба Тоҷикистон беҳтар аст."
низ, монанди ҳамсояҳои фақиртараш – Тоҷикистону Қирғизистон – сахт дастнигари пулҳое шудааст, ки муҳоҷиронаш аз хориҷ ва асосан аз Русияву Қазоқистон мефиристанд. Омори расмӣ ҷамъияти Узбакистонро 27 миллион ва шумори муҳоҷирони узбакро ҳудуди 1 миллион нафар баровард мекунад. Аммо манобеъи дигар дар бораи 5 ва ҳатто 6 миллион нафар муҳоҷир аз Узбакистон ҳадс мезананд ва мегӯянд, бахши аъзами онҳо бахти худро дар бозори кори Русия ва Қазоқистон меҷӯянд ва муҳоҷирони узбак, барои мисол, дар Русия аз лиҳози теъдод ҳатто аз чиноиҳо пеш гузашта, дар садри ин, ба истилоҳ, “сабқати мардикорӣ” қарор гирифтаанд.

Вале ҳазорон нафаре ҳам ҳаст, ки бо талаби ҷойи кору маоши шоистатар худро ба сарзаминҳои дуртар, аз ҷумла ба Аврупову Амрико ва ба Осиёи шарқӣ, умдатан ба Кореяи ҷанубӣ, мезананд. Сухангӯи пулиси Чехия мегӯяд, танҳо дар ин ҷумҳурии Аврупо 2 122 муҳоҷир аз Узбакистон расман сабти ном шудаанд.

Бо ин ҳол, тибқи натоиҷи назарсанҷие, ки Барномаи рушди СММ ва сафорати Швейтсария дар Тошканд тайи 4 соли охир дар се вилояти Узбакистон анҷом додаанд, ҳудуди 30 дарсади пурсидашудагон майл доштаанд, ки ин кишварро ба қасди ягон кишвари дигар тарк бикунанд. Тошпӯлод Юлдошев, коршиноси масоили Узбакистон, ба ин нукта таъкид мекунад, ки назарсанҷии анҷомшуда он 5 ё 6 миллионеро, ки алакай дар ғурбат кору зиндагӣ мекунанд, фаро намегирад, вагарна фисади афроди моил ба тарки ватан боз ҳам бузургтару мудҳиштар мешуд.

Афзоиши нархҳо омили дигарест, ки пеш бурдани аробаи зиндагиро барои аксари хонаводаҳо, ба хусус дар рустоҳои Узбакистон, номумкин гардонда, рӯз то рӯз сели мардумеро меафзояд, ки бо талаби зиндагии беҳтар худро аз русто ба шаҳрҳои нисбатан ободи Узбакистон ва ё ба хориҷ мезананд. Коршиноси узбак Комрон Алиев мегӯяд, Узбакистон ҳарчанд кишвари бой аст, вале имконоти дар ихтиёр доштаашро ба далоили мухталиф пурра истифода бурда наметавонад. Шояд ба далели адами раҳбарии хуб ва ё вуҷуди иштибоҳҳо дар сиёсати иқтисодӣ ва сиёсатҳои дигар.

Давлати Узбакистон ба хотири дар бозор ҷойи бештари пой пайдо кардани тавлидоти ватанӣ ҳаддалимкон аз боло бурдани маоши коргарон ҷилавгирӣ мекунад ва ҳамзамон болои маҳсулоти воридотии ғизоӣ то 70 дарсад боҷу хироҷи гумрукӣ андохтааст. Аммо дар натиҷа, ин иқдом саҳми иқтисоди пасипардагиро афзуда, натавонистааст пеши роҳи тӯфони нархҳоро бигирад. Мардум дар Узбакистон мегӯянд, аз ҷастухези нархҳо хеле ба танг омадаанд. Ин сокини Тошканд мегӯяд: “Як кило орди Қазоқистон 1200 сӯм, навъи олиаш 1500-1600 сӯм шудааст. Нархи давлатии як литр равғани пахта чизе бештар аз 2000 сӯм аст, вале барои харидани равғани давлатӣ бояд навбати зиёд поид. Дар бозор бошад, як литр равған 3 – 3,5 сӯм арзиш дорад. Нархи як кило гӯшти гов аз 7 000 сӯм болотар шуда, як кило гӯшти гӯсфанд ба 8,5 ҳазор сӯм расидааст. Биринҷ дар бозор аз дувуним то 5 ҳазор сӯм шудааст.”

Маоши ҳадди ақал дар Узбакистон ҳудуди 21 000 сӯм таъйин шудааст, ки муодили тақрибан 13 доллари амрикоист. Омори расмӣ пиромуни маоши миёна дар ин кишвар чизе намегӯяд, вале манобеъи мустақил онро дар ҳудуди 50 000 сӯм, ё худ 33 доллар тахмин мезананд. Вале мегӯянд, фасоди саросарӣ мунҷар ба зери соя рафтани бахши аъзаме аз иқтисоди Узбакистон шудааст ва муҳосибаи ҳадди воқеъии маоши миёна дар чунин шароит коре саҳл нест.

Дар ҳар сурат, бахши аъзами онҳое, ки дар Узбакистон мемонанд, ба хотири таъмини рӯзии хонавода маҷбуранд, дар чанд ҷо кор
Иқтисодшинос: "Маблағҳои муҳоҷирони корӣ дар сурати коҳишашон ҳар иқтисодеро метавонанд бишкананд."
кунанд ва ё бо додани ришва дар ягон ниҳоди интизомӣ соҳиби ягон курсии ба истилоҳ “равғанӣ” шаванд. Аммо теъдоди чунин курсиҳои “равғанӣ” он қадар зиёд нест, ки барои ҳамаи 27 миллион сокини Узбакистон кифоят кунад ва шароит бақияро ба ҷустуҷӯи роҳҳои дигари пешбурди рӯзгор, аз ҷумла ба сӯи муҳоҷират тела медиҳад.

Иқтисодшиноси узбак Комрон Алиев мегӯяд, муҳоҷират дар кӯтоҳмуддат мушкилоти иқтисодиву иқтимоии Узбакистонро мепӯшонад, вале рӯи он барои дарозмуддат ҳисоб кардан авоқиби хатарзоеро ҳам дар пай дорад, ки набояд нодида гирифт. Ба эътиқоди ин таҳлилгар, пуле, ки аз хориҷ меояд, набояд болиғ аз 10 дарсади маҷмӯъи даромади нохолиси миллии кишвар шавад, вагарна дар сурати андаке болову паст шуданаш иқтисоди ҳар кишвар метавонад дучори шикасти сангин шавад.

Маҷмӯъи даромади миллии Узбакистон дар ҳудуди 20 миллиард доллар баровард шуда, бино ба оморҳои расмӣ, муҳоҷирони узбак ҳар сол аз хориҷ ба ватан то 1 миллиард доллар пул мефиристанд. Вале иқтисодшиносони мустақил ба дурустии ин омор шакк оварда, мегӯянд, саҳми воқеъии муҳоҷирин дар иқтисоди Узбакистон чандин миллиард долларро ташкил медиҳад. Яъне, чанд маротиба бештар аз он 1 миллиарде, ки Тошканд эътироф мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG