Пайвандҳои дастрасӣ

Халабон қаҳрамон шуд


Халабони ҳавопаймое, ки ҳангоми шурӯи парвоз дар ҳаво дучори мушкил шуду ниҳоятан бо ҳамаи мусофиронаш амну саломат дар обҳои рудхонаи Ҳудсон фуруд омад, ба унвони қаҳрамон ситоиш мешавад. Мақомот гуфтанд, ки ҳамаи 155 мусофирон ва тими халабонҳо, ки дар дохили ҳавопаймои ширкати US Airways қарор доштанд, ҳангоми фурудоӣ рӯи об ва баъди наҷотёбиашон дар ҳолати амн ва бидуни осебе берун шуданд. Ҳеҷ нафар дучори ҷароҳати ҷиддие нашудааст. Мақомот гуфтанд, ки гузоришҳоро оид ба хароб шудани мотори ҳавопаймои навъи Airbus A320 дар ҳангоми парвоз, ки гуфта мешавад бо сабаби вуруди парандаҳо ба дохили он иттифоқ уфтодааст, таҳқиқ мекунанд. Ҳавопаймои мазкур шоми дирӯз аз фурудгоҳи LaGuardia-и Ню-Йорк баланд шуда ба самти аёлати Каролинаи Шимолӣ ҳаракат мекард. Волии Ню-Йорк Дейвид Петтерсон халабонеро, ки бо исми Чесли Салленберг муаррифӣ шудааст, ҳамчун қаҳрамоне ситоиш намуд, ки "дар обҳои Ҳудсон мӯъҷизае" кардааст.
XS
SM
MD
LG