Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Суханронии хайрбодии Буш тавассути телевизион


Раиси ҷумҳурии канорравандаи Амрико Ҷорҷ Буш дар як суханронии хайрбодиаш тавассути телевизион аз Кохи Сафед роҷеъ ба дастовардҳое сӯҳбат кард, ки дар мӯҳлати ҳаштсолаи раҳбариаш ҳосил шудааст. Ин охирин суханронии ӯ ба ҳайси раиси ҷумҳурии ИМА қабл аз ба Кохи Сафед омадани Барак Обама, президенти мунтахаб мебошад. Дар муроҷиаташ ба мардуми Амрико Буш гуфт, ки эътироф мекунад дар замони раҳбариаш чанд тасмими сахте, мисли шурӯи ҷанги Ироқу Афғонистон ва қарорҳое дигаре гирифта шуд, ки барои ҷилавгирӣ кардани терроризм равона шудааст. Аммо вай гуфт, ки тасмимҳои вай барои аз ҳамлаҳои эҳтимолии дигар эмин доштани Амрико дар муддати ҳафт соли баъди рӯйдодҳои террористии 11 сентябри соли 2001 мусоидат кардааст. Буш гуфт:

"Роҷеъ ба қонунмандии бисёри ин тасмимҳо баҳсҳое пеш омадааст. Аммо дар бораи натиҷаҳои ин қарорҳо баҳс андак аст: дар тӯли ҳафт соли баъди ин Амрико бидуни ҳеҷ як амалиёти террористӣ дар қаламраваш ба сар бурдааст".

Буш афзуд, ки вай ба ояндаи ИМА бо хушбинӣ менигарад. Вай аз маросими савгандёдкунии ҳафтаи оянда, ки нахустин раиси ҷумҳурии сиёҳпӯст Обамаро сари қудрат менишонад, ҳамчун як "лаҳзаи умед ва ифтихор"-и Амрико ёд кард.
XS
SM
MD
LG