Пайвандҳои дастрасӣ

Бархӯрди ду ҳавопаймо дар Русия


Мақомоти расмӣ мегӯянд, рӯзи панҷшанбе панҷ тан бар асари бархӯрди ду ҳавопаймои низомии Русия дар Қафқози Шимолӣ кушта шуданд. Хабаргузориҳои русӣ менависанд, иллатҳои аслии ин воқеъа ҳанӯз рӯшан нашудааст. Аммо гуфта мешавад, ҳавопаймои навъи Ил 76, ки дар дохилаш низомиён қарор доштанд, ба иллати бадии ҳаво ҳангоми фуруд омадан ба ҳавопаймои дигаре бархӯрдааст. Дар ҳамин ҳол, хабаргузории “Новости” аз ҷароҳат бардоштани ду тани дигар иттилоъ медиҳад ва мегӯяд, муфаттишони додситонии низомӣ ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.
XS
SM
MD
LG