Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Покистон 120 нафарро боздошт кард


Покистон гуфт, ки дар ҷараёни як амалиёти зидди гурӯҳҳои террористӣ бо эҳтимоли даст доштан дар ҳамлаҳои Мумбай ахиран беш аз 120 нафарро боздошт ва панҷ қароргоҳи эҳтимолии гурӯҳҳои террористиро бастааст. Раҳмон Малик, як мақоми вазорати дохилаи Покистон гуфт, ки иқдоми онҳо алайҳи ҷангиёни "Лашкари Тайиба", як созмони хайрияи исломие равона шудааст, ки аз назари СММ дар ҷабҳаи аввали муқовиматҳои ситезаҷӯёна қарор дорад. Ҳинд мегӯяд, ки гурӯҳи мазкур силсилатаркишҳои моҳи ноябр дар Мумбайро ташкил кардааст, ки дар натиҷаи он 170 нафар ҷони худро аз даст доданд.
XS
SM
MD
LG