Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупоиҳо ҳам дар нишасти Маскав иштирок мекунанд


Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, ки омода аст дар нишасти баландпояи Маскав рӯзи шанбе Украинаву Русияро барои баррасии бӯҳрони баамаломадаи газӣ ҳамроҳӣ кунад. Кремлин гуфт, ки нахуствазири Русия Владимир Путин бо ҳамтои украиниаш Юлия Тимошенко роҳҳои барқарорсозии интиқоли газ ба Аврупоро тавассути хоки Украина баррасӣ хоҳанд кард. Дар ҳамин ҳол, дафтари нахуствазири Бритониё дар изҳороте гуфтааст, ки Гордон Браун аст бо раиси ҷумҳурии Украина Виктор Юшенко дар Лондон барои баррасии бӯҳрони баамаломадаи газӣ мулоқот мекунад.
XS
SM
MD
LG