Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи дуюми ҷаласаи ҳукуматӣ


Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи васеъи ҳукумати Тоҷикистон, ки дар он аз фаъолияти ҳукумат дар соли 2008 натиҷагирӣ мешавад, идома меёбад. Дафтари раёсатҷумҳурӣ мегӯяд, рӯзи ҷумъа ҳисоботи раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру навоҳии кишвар шунида хоҳад шуд. Дар рӯзи аввали ин ҷаласа нахустин тағйироти кадрӣ ба вуқӯъ пайваст. Ҳаким Солиев, раиси Кумитаи андоз, Шарифхон Самиев, раиси ширкати Барқи тоҷик, ва Фатҳиддин Мӯҳсиддинов, раиси ширкати “Тоҷикигаз” баъд аз баррасии фаъолияташон дар соли гузашта аз вазифаҳои худ барканор шуданд.
XS
SM
MD
LG