Пайвандҳои дастрасӣ

Охирин суханронии телевизионии Буш


Ҷорҷ Буш имрӯз бо охирин суханрониаш баъди анҷоми ду мӯҳлати раёсатҷумҳурии худ тавассути телевизион ба мардуми Амрико муроҷиат мекунад. Чор рӯз пеш аз таҳвил додани Кохи Сафед ба маъмурияти Барак Обама, ин охирин суханронии расмии оқои Буш дар мақоми раёсатҷумҳурии Амрико маҳсуб мешавад. Қабл аз ин Ҷорҷ Буш дар ҷаласае дар вазорати хориҷаи Амрико ширкат ва дар бораи сиёсатҳои хориҷии даврони раёсати ҷумҳурияш сухан гуфта буд.
XS
SM
MD
LG