Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳабси 120 покистонӣ ба гумони ширкат дар ҳамлаҳои Мумбай


Покистон мегӯяд, зиёда аз 120 нафарро бо гумони даст доштан дар ҳамлаҳои террористии Мумбай боздошт карда, панҷ урдугоҳро, ки гуфта мешавад, таълимгоҳи ситезаҷӯён будаанд, бастааст. Ин иқдом зидди созмони "Лашкари тайиба" ва як бунёди хайрияи исломӣ гирифта шуд, ки ба гуфтаи Созмони Милал пӯшише барои ситезаҷӯён будааст. Ҳиндустон мегӯяд, ҳамлаҳои моҳи ноябри Мумбайро созмони "Лашкари тайиба" анҷом додааст. Дар ин ҳамлаҳо зиёда аз 170 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG