Пайвандҳои дастрасӣ

Земфира муҳоҷири тоҷикро ба додгоҳ кашид


Бо шикояти такрории овозхони шинохтаи Русия Земфира шаҳрванди Тоҷикистон Субҳиддин Набиев ба додгоҳ кашида мешавад. Пештар додситонӣ муҳоҷири тоҷикро, ки ба латукӯби овозхон айбдор мешуд, бегуноҳ номида, ин парвандаро қатъ карда буд. Шоҳидон низ баёнот доданд, ки худи Земфира аввал Набиевро таҳқир кард ва ба рӯи ӯ торсакӣ зад. Онҳо ҳамчунин мегуфтанд, ҳангоми низоъ дар рӯзи 13 ноябри соли гузашта Земфира сархуш буд. Шаҳрванди Тоҷикистон аз рӯи банди 116 қонуни кайфарии Русия -- расондаи осеби сабуки ҷисмонӣ айбдор шуда, ба ӯ аз 4 моҳ то 1 соли зиндон таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG