Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкилот ва баҳсҳои энержӣ дар Осиёи Марказӣ


Дар зимистон Тоҷикистону Қирғизистон нисбат ба кишварҳои дигари минтақаи Осиёи Марказӣ, яъне Қазоқистону Узбакистон ва Туркманистон аз лиҳози таъмини энержӣ бештар дастнигар мешаванд.

Ба сабаби сардии ҳаво обшавии пиряхҳо камтар ва сатҳи об дар рудхонаҳо дар ду кишвари болооб поин меравад. Табъан, дар чунин шароит тавлиди барқ низ дар нирӯгоҳҳои ин ду кишвар коҳиш меёбад.

Шояд Тоҷикистон дар ин миён нисбат ба дигарон бештар ба мушкил дучор шавад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар бештар аз як моҳи ахир тақрибан ҳар ҳафта ҳайъатҳое аз Тоҷикистон барои рафъи мушкилоти энержӣ дар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ машғули музокира будаанд, то аз такрори бӯҳрони энержии зимистони соли гузашта пешгирӣ кунанд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон низ дар ҳама дидору гуфтугуҳояш ин масъаларо бо раҳбарои минтақа матраҳ ва баррасӣ мекунад. Ахиран, дар яке аз чунин гуфтугуҳои телефонӣ Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон ба Эмомалӣ Раҳмон қавл дод, ки дар ивази 12 миллион доллар қарзи худ аз Тоҷикистон ба ин кишвар 29 ҳазор тон мазут, 9 ҳазор тон сухти дизелӣ ва 12 ҳазор тон ғалла ба Тоҷикистон хоҳад дод.

Баҳром Холназаров, сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон дар ин бора ба мо гуфт, кӯшиш дорад, баъд аз 15-уми январ ҳамин чизҳо ба Тоҷикистон ворид шавад. Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон афзуд, ин 12 миллион доллар қарзест, ки аз аввали солҳои 1990-ум Қазоқистон ба Тоҷикистон пардохт накардааст. Сабаб ҳам ин будааст, ки муассисае бо номи "Барқи Қазоқистон" барҳам хурдааст ва "Барқи Тоҷик" ин қарзро натавонистааст, то ҳол дар шакле баргардонад.

Баҳром Холназаров, сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон:
"Як ҳафта пеш як гурӯҳи корӣ барои баррасии ҳамин масъалаи баргардонидани қарз омада буд. Ҳам ҷониби Тоҷикистон ва ҳам ҷониби Қазоқистон ба хулосае омаданд, ки тарафи Қазоқистон ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 4 миллион доллар мазут, 4 миллиони дигар гандум ва ба маблағи 4 миллион доллари дигари боқимонда дизелу солярка ирсол мекунад".

Мубодилаи нирӯи барқ дар фаслҳои мухталифи сол бо газу ангишт ё маҳсулоти дигар дар миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз солҳои Шӯравии пешин роиҷ шуда буд.

Ҳомидҷон Орифов, дабири Кумитаи миллии сарбандҳои бузурги Тоҷикистон:
"Ҷуброн пардрохт мекарданд. Ба Қирғизистон ангишт ва газ медоданд. Ба Тоҷикистон дар иваз маҳсулот аз роҳи мутамарказ ворид мешуд, яъне ҳамкориҳо барои ҳамаи тарафҳо судманд тамом мешуд. Вале вақте, ки Иттиҳоди Шӯравӣ барҳам хӯрд, кишварҳои поёноб ба хулосае расиданд, ки чаро пардохт кунанд, дар ҳоле, ки онҳо кишварҳои қаввитаре ҳастанд. Онҳо фикр карданд, ки агар пардохт накунанд, ин кишварҳои болооби аз лиҳози иқтисодӣ заъиф аз дасташон чӣ коре бармеояд? Қирғизҳо то андозае зиракӣ нишон доданд, чун кучиёни собиқ медонистанд, ки бо бародарони кучии худ бо чӣ лаҳн вориди гуфтугу шаванд. Онҳо ба зарбулаҷал зарбулаҷал пеш оварданд, яъне ултиматум ва гуфтанд, ки агар дар ивази об газ ва ангишт надиҳед, мо обро тобистон захира мекунем ва зимистон барои тавлиди нируи барқ истифода мекунем. Ва онҳо ҳамин корро карданд".

Вале Тоҷикистон наметавонад ин гуна зарбулаҷалҳо пеш гузорад. Оқои Орифов мегӯяд, дар сурати пеш гузоштани ултиматум Тоҷикистон барои муддате захира кардани об ҷой надорад. Вай бо ишора ба Узбакистон мегӯяд, Тоҷикистон мехоҳад бо риъояти низоми пешин бо ин кишвар ҳамкорӣ кунад. Вале равиши Узбакистон нисбат ба Тоҷикистон фарқ мекунад. Оқои Орифов мегӯяд:

"Мо метавонистем мисли пешин ҳамкорӣ кунем. Чунин равиш метавонад ба суди ҳама бошад. Вале кишварҳои поёноб тасмим гирифтанд, ки барои онҳо ҳамин ҳолат судманд аст. Мо бо онҳо наметавонем баробар шавем. Онҳо қаввитаранд. Онҳо тадриҷан ба мо тавони худро нишон доданд. Тронзити роҳи оҳан, нақлиёти заминиро маҳдуд ва мушкил карданд. Ҳоло, маслан, тронзити барқи Туркманистонро қатъ кардаанд. Аз аввали моҳи январ Тоҷикистон наметавонад барқи Туркманистонро бигирад".

Аз оқои Орифов мепусам, сабаби ҳамаи чунин рафтор чист? Вай чунин посух медиҳад:

"Барои Узбакистон судманд нест, агар Тоҷикистон руи пои худ биистад ва аз лиҳози иқтисодӣ мустақил бошад."

Дар Қирғизистон низ вазъи таъмини нируи барқ тақрибан беҳтар аз Тоҷикистон нест. Ин кишвар низ дар ҳамин рузҳо бо кишварҳои поёноб дар бораи гирифтани нируи барқ ё газ музокира анҷом медиҳад. Ботирқул Баетов, сухангӯи вазорати энержии Қирғизистон мегӯяд, маҳдудияти таъмини барқ дар баъзе минтақаҳои Қирғизистон низ ҷорист:

"Маҳдудият дар ҳамаи минтақаҳое ҷорӣ шудааст, ки меъёр дар муқоиса бо истифодаи нируи барқ дар соли гузашта баробар намеояд. Вале дар минтақаҳои дигар, ки меъёр риъоят мешавад, маҳдудият ҷорӣ нашудааст. Гузашта аз ин, ҳафтаи ҷорӣ таъмини бетанаффуси нируи барқ барои ширкатҳои тиҷоратӣ ва муассисаҳои санъатӣ ва амсоли он ҳал шуд".

Таҳлилгарон мегуянд, мавзеъгирии Қазоқистон нисбат ба мавзеъгирии Узбакистон дар ҳали мушкили энержӣ фарқ дорад. Моҳи июли соли гузашта дар мулоқоти чаҳоргонаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Бишкек низ мавзеъгирии Қазоқистон нисбат ба Узбакистон нармтар буд. Он вақт Қазоқистону Узбакистон бо Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи оби бештар барои обёрӣ ва захираи онро баррасӣ мекарданд. Ду кишвари болооб дар ивази об сухти бештар дар зимистон ё газу нируи барқ мехостанд, зеро дар сурати иҷрои дархости кишварҳои поёноб маҷбур буданд обро барои зимистон захира накунанд, балки барои обёрӣ ба ҳамсоягон диҳанд. Узбакистон баъд аз ин пешниҳод ба нишонаи эътироз мулоқотро тарк кард ва гуфт, "об моли худодод аст ва хариду фуруш намешавад". Баъд аз ин изҳорот мулоқоти Бишкек , ки метавонист, роҳи ҳали масъаларо пайдо кунад, барҳам хурд ва дигар дар ин чаҳорчуба ин кишварҳо натавонистанд сари ҳам оянд. Ҳомидҷон Орифов мегуяд:

"Қазоқистон дар минтақаи ҷанубии худ камбуди барқ дорад. Ва Қазоқистон медонад, ки аз роҳи зур масъала ҳал намешавад. Барои ҳамин Қазоқистон роҳҳои ҳал ва созишро ҷустуҷу мекунад, ҳам барои қирғизиҳо ва ҳам барои қазоқҳо. Узбакистон ин корро намехоҳад"

Узбакистон дар мулоқоти моҳи июни соли 2008-и Бишкек изҳор дошта буд, ки агар Тоҷикистону Қирғизистон газ мехоҳанд, бояд онро бидуни ҳеҷ имтиёз бо нархҳои байналмиллалӣ харидорӣ кунанд. Узбакистон дар поёни сол воқеъан нархи газро барои ду кишвари ҳамсояи худ ё болооб боло бурд. Ҳоло он барои ҳар ҳазор метри муккааб ба 240 доллар расидаст, дар ҳоле, ки соли гузашта нархи газ 145 доллар буд. Аммо суол ин аст, ки соли ҷорӣ, яъне соли 2009 Тоҷикистону Қирғизистон оби худро барои тавлиди барқ дар зимистони оянда захира хоҳанд кард, ё барои обёрӣ боз ба ҳамсоягон пешкаш мекунанд?
XS
SM
MD
LG