Пайвандҳои дастрасӣ

Як мақоми расмии ҳукумат дар вилояти Хатлон барои иҷборан ба чиниши пахта равона сохтани толибилмони мактаби миёна ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.

Мақомоти додситонии вилояти Хатлон алайҳи яке аз муовинони раиси ноҳияи Шаҳритус, бар асоси ду банди қодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне сӯистифода ва берун шудан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Мирзо Фатҳуллоев, ёвари аршади додситони вилояти Хатлон, бо тасдиқи ин хабар гуфт, ин ҳодисаи аввал ва ягонаи ошкоргардида нест, ки аз ҷалби иҷбории кӯдакон ба умури саҳроӣ, ба вижа пахтачинӣ, гувоҳӣ медиҳад. Танҳо дар мавсими сипаришудаи ҷамъоварии пахта дар чаҳор ноҳияи вилояти Хатлон – Шаҳритус, Қубодиён, Бохтар ва Сарбанд далелҳои ба саҳро равона кардани муҳассилини макотиби ҳамагонӣ собит шудааст. Гузашта аз он, се нафар аз кӯдаконе, ки тавассути трактор ба майдони пахта равона буданд, дар пайи садамаи нақлиётӣ ҷароҳатҳои сангини ҷисмонӣ бардошта, ба бемористон мунтақил шудаанд.

Оқои Фатҳуллоев, ёвари додситони Хатлон, дар ин иртибот гуфт: «Шӯъбаи умури дохилаи Қубодиён дар иртибот ба садамаи нақлиётӣ, ки ҳангоми ба саҳрои пахта равона шудан рух дода, се кӯдак ҷароҳат бардоштаанд, парвандаи ҷиноятӣ кушодааст ва тафтишот идома дорад. Мо ҳамчунин дар назди идораи маорифи Хатлон масъала гузоштем, ки нафарони масъул дар сафарбаркунии мактаббачаҳо ба майдони пахта низ ба ҷазои интизомӣ кашида шаванд».

Мирзо Фатҳуллоев, ёвари аршади додситони вилояти Хатлон, афзуд, аз ҷониби додситонӣ ҳамчунин масъалагузорӣ шудааст, ки мудирони шӯъбаҳои маорифи навоҳии Шаҳритус ва Қубодиён ба муҷозоти интизомӣ кашида шуда, аз мақомҳояшон барканор карда шаванд.Намояндаи додситонии Хатлон дар мавриди ҳодисаҳои рухдода бо таваҷҷӯҳ ба зарурати халал наёфтани тафтишот, тафсилоти бештар надод.

Бандҳои кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки бар асоси он муовини раиси ноҳияи Шаҳритус муттаҳам карда мешавад, ҷазои ҳадди ақал пардохти ҷаримаи 12-уним ҳазор сомонӣ ва барканорӣ аз мансаби давлатӣ ва ҷазои ҳадди аксар чаҳор соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад. Албатта агар, гуноҳи нафари муттаҳам дар додгоҳ собит шавад.

Ҳамин гуна, ахиран додситонии шаҳри Сарбанд низ иттилоъ дод, ки раҳбари яке аз таълимгоҳҳои маҳаллӣ танҳо ба ин сабаб, ки толибилмонаш аз пахтачинӣ сарпечӣ кардаанд, 30 нафарро аз ҳаққи идомаи таҳсил маҳрум кардааст. Бо эътирози додситонӣ 21 нафар аз муҳассилини ихроҷшуда дубора ба таҳсил ҷалб карда шудаанд. Аммо дар қиёс бо қазияи муовини раиси ноҳияи Шаҳритус, дар шаҳри Сарбанд нафаре барои ҷалби иҷбории муҳассилини мактабҳо ба умури саҳроӣ ба муҷозот кашида нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG