Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарқонунро тағйироти навбатӣ интизор аст?


Вазорати маорифи Тоҷикистон барои баргузории референдум ҷиҳати ворид кардани тағйирот ба Сарқонун санад пешниҳод кардааст.

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи кишвар, дар нишасти ахири матбуотии худ гуфт, ки ҳадаф аз баргузории ин референдум тағйир дар меъёри Қонуни асосӣ барои таҳсилоти ҳатмист, ки бояд аз синфи 9 ба 11 табдил дода шавад. Аммо коршиносон мӯътақиданд, ки дар паси пешниҳоди ташкили раъйпурсӣ аҳдофи дигаре ҳам ҳаст.

Эъломи баргузории референдуми навбатӣ ҷиҳати ислоҳоти Қонуни асосӣ аз сӯи вазири маорифи Тоҷикистон дар маҳофили сиёсӣ ва миёни таҳлилгарони тоҷик вокӯнишҳои мухталиферо ба бор овардааст. Зеро дар ҳукумати Тоҷикистон таҷрибаи изҳори назар ва баёнияҳо дар масоиле, ки бо сиёсати давлат ва тасмимоти сиёсӣ алоқаманд аст, аз сӯи як вазир ва ё раиси ин ё ниҳоди давлатӣ бидуни мувофиқа бо мақоми аввал ба мушоҳида нарасидааст.

Зимнан вазири маорифи Тоҷикистон низ таъкид кард, ки масъалаи ислоҳоти Қонуни асосиро барои тағйири мӯҳлати таълими асосии ҳатмӣ дар макотиби мутавассита бо президент дар миён гузошта ва розигии ӯро низ ҳосил кардааст.

Ин дар ҳолест, ки Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон - аз аҳзоби мухолифи президент Раҳмон, мегӯяд ҳоло, ки ин масъала дар миён гузошта шуд, шакке нест, ки масоили асосии мавриди назар барои ислоҳоти Қонуни асосӣ дигар бошад. Чунончи дар соли 2003 масъалаи асосии ислоҳот ба Қонуни асосӣ яъне тамдиди давраи раёсати ҷумҳурӣ дар таркиби масоили дигар ва аз чашми ҷомеа тақрибан пӯшида сурат гирифт ва эҳтимол ин навбат низ ҳадаф тамдиди навбатӣ ва дар маҷмӯъ тақвияти ҳокимияти президентӣ аст.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили ин ҳизб дар порлумон, пешниҳоди вазири маорифро ба таъйиди худи ӯ ҷиддӣ қабул накардааст. Аз тарафи дигар як чунин пешниҳод зеро ба таври расмӣ мунташир нашудааст. Вале, мегӯяд оқои Кабирӣ, агар ҳатто маъракаи ҳамапурсӣ барои ислоҳот ба Қонуни асосӣ доир шавад, ӯ баъид медонад, ки масъалаи Маҷлиси Миллӣ дар он гузошта шавад. Зеро бо таваҷҷӯҳ ба ҷойгоҳи раиси Маҷлиси Миллӣ дар идораи давлат, ки шахси дуввум ҳисобида мешавад, гумон аст, ки ҳукумат онро ба ихтиёри Маҷлиси намояндагон бигзорад, ки раёсати он ба намояндаи минтақаи дигар тааллуқ дорад.

Дар ҳамин ҳол Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, мегӯяд, дар сурати баргузории раъйпурсӣ барои ворид кардани ислоҳот дар Қонуни асосӣ бар изофаи мавзӯи марбут ба соҳаи таълиму омӯзиш масоили дигар низ матраҳ хоҳад шуд.

Аммо Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон, бар ин бовар аст, ки вазъи иқтисоди кишвар барои тағйири Қонуни асосӣ, ки президентиро «якумрӣ» ва ё «умрбод» эълон кунад, мусоид нест. Ва баъид ба назар мерасад, ки ин мавзӯъ дар раъйпурсӣ пешниҳод шавад.

Бо ин ҳама ҳанӯз масъулини давлати Тоҷикистон ба истиснои вазири маориф дар робита ба баргузории раъйпурсӣ изҳори назар накардаанд. Ҳамчунин номаълум аст, ки ин ҳамапурсӣ дар соли равон баргузор хоҳад шуд ва ё баробар бо интихоботи Маҷлиси намояндагон, ки дар моҳи феврали соли оянда баргузор хоҳад шуд.

Нахустин раъйпурсии мардумӣ барои қабули Қонуни асосӣ баъди касби истиқлол дар Тоҷикистон дар соли 1994 сурат гирифт. Ба ҳангоми қабули он дар кишвар ҷанги дохилӣ идома дошт ва нерӯҳои сиёсии мухолиф дар хориҷ аз кишвар буданд ва ин қонунро эътироф накарданд.

Соли 1999 баъди ду соли тавофуқи миёни мухолифин бо ҳукумат бори дуввум барои тағйири Қонуни асосӣ ҳамапурсӣ доир шуд. Бар асоси ин ислоҳот нерӯҳои мухолиф бархе аз пешниҳодоти худ аз ҷумла иҷозаи фаъолияти ҳизби характери динидоштаро дарёфтанд ва низ порлумони дупалатаи дар кишвар ташкил шуд. Дар соли 2003, бори саввум, Қонуни асосӣ дучори тағйирот шуд, ки масъалаи умдаи он тамдиди як мӯҳлати ҳафтсолаи раёсати ҷумҳурӣ ба ду давр буд.

XS
SM
MD
LG