Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи сафарҳои Раҳмон ба кишварҳои Соҳили Болтик


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аввалин бор ба давлатҳои Соҳили Болтик сафар мекунад. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, дар сафар ба Латвия, Литва ва Эстония дар моҳи феврал ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии ин кишварҳо бо Тоҷикистон баррасӣ хоҳанд шуд. Инчунин президенти Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумисюни Аврупо дар Бруссел ширкат хоҳад кард. Додуситади Тоҷикистон бо кишварҳои Соҳили Болтик бузург нест, аммо дар ҳоли афзоиш аст.
XS
SM
MD
LG