Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои бархе аз мақомоти Тоҷикистон


Шарифхон Самиев аз вазифаи раиси ширкати «Барқи Тоҷик» ва Фатҳиддин Муҳсиддинов аз вазифаи раиси ширкати «Тоҷикгаз» барканор шуданд. Дар ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз, 15 январ оғоз шуд, нахустин тағйироти кадрӣ ба вуқӯъ пайваст. Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа аз талафи нерӯи барқ дар соли гузашта ба маблағи 2,9 миллиард сомонӣ нигаронӣ кардааст. Бар иловаи Шарифхон Самиев ва Фатҳиддин Мӯҳсиддинов, ҳамчунин, раҳбари «Тоҷиксемент» Маҳмадраҳим Каримов низ бо курсияш падруд гуфт. Ҳаким Солиев низ аз вазифаи раҳбари Кумитаи андоз ба нафақа рафт. Президент Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳаким Солиев барои фаъолияти хубаш дар соҳаи андози кишвар қадрдонӣ намуд.
XS
SM
MD
LG