Пайвандҳои дастрасӣ

Чанде пеш Маҳкам Бурҳонов, сарбози яке аз воҳидҳои низомии Тоҷикистон, бар асари кушодани тир ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳияи Абдуроҳмони Ҷомӣ ҷарроҳӣ шудааст.

Гуфта мешавад, тир аз ҷониби худи сарбоз холӣ шудааст. Амриддин Солиев табиби беморхона ба Ояндасоз гуфт, сарбоз аз зери нофаш ҷароҳат бардошта, ҳоло вазъи сиҳатиаш нисбатан беҳтар аст ва ӯро ба бемористони низомии ҷумҳуриявӣ интиқол додаанд.

Ҳарчанд маълум нест, ки Маҳкам Бурҳонов мехост худро бикушад ва ё бар асари беэҳтиётӣ маҷрӯҳ шудааст, вале дар маҷмӯъ ба иттилои Додгоҳи ҳарбии Тоҷикистон, соли 2008 ҳолатҳои қасди ҷони худ кардани сарбозони ҷавон назар ба як соли пеш афзудааст.

Юсуф Раҳмонов, додситони низомӣ, гуфтааст, соли 2008 16 ҳодисаи даст ба ҷони худ задани низомиён сабт шудааст. Омилҳои аслии худкушии сарбозон дар сафи қувваҳои мусаллаҳро масъулин дар мушкилу муносибатҳои хонаводагӣ ва омода набудани онҳо ба хизмат дар артиш медонанд.

Юсуф Раҳмонов мегӯяд, «барои мисол як ҳолат дар Исфара рух додааст, ҷавони нав оиладор шуда, ба хизмат даъват мешавад ва ба хотире, ки наметавонад ҳар рӯз ҳамсарашро бинад, худро мекушад. Беш аз 10 чунин ҳолат сабт шудааст. Панҷ ҳолати дигар гӯиё дар натиҷаи зӯроварӣ аст, ки он ҳам зӯроварӣ нест, шояд як мушт задагӣ бошад. Ин хизмат дар артиш аст, хонаи модар ё падар нест. Мумкин байни ҷавонҳо муштзанӣ мешавад, ҳаминро тоқат накарда баъзеҳо даст ба худкушӣ мезананд».

Диловар, собиқ сарбози қатории қувваҳои мусаллаҳ дар шаҳраки Оби гарм, ки соли гузашта хизмати сарбозиро ба анҷом расонидааст, мегӯяд, ҳангоми хизмат шоҳиди ду ҳодисаи худкушии ҳамхизматонаш гардидааст, ки ба муҳиту шароит дар қувваҳои мусаллаҳ тоб наоварда, қасди ҷони худ кардаанд.

Хабарҳо роҷеъ ба худкушии сарбозон дар манотиқи мухталифи кишвар тариқи расонаҳои хабарӣ ҳам зуд-зуд паҳн мешавад ва аксар мусоҳибони ҷавони мо сӯистифода аз мақом ва бадрафториву ҷабру зулми афсарон ба зердастонашонро аз иллатҳои аслии ноумед шудани ин ҷавонон аз зиндагӣ медонанд. Як мусоҳиби дигарамон, ки ӯ низ се сол пеш сарбоз будааст, мегӯяд, ғолибан наваскарон аз ҷониби афсарон ва ё, ба қавле, «дембелҳо» гӯиё тарбия карда мешуданд ва бо роҳҳое, ки баъзан ба худкушии ҷавонони сарбоз анҷом меёфт.

Мусоҳиби мо афзуд, «шахсони як сол ё беш аз як сол хизматкарда, ки худро «дембел» меномиданд, сарбозони нав омадаро, ки «молодой» номида мешуданд, гӯё тарбия мекарданд. Масалан як ҳолате буд, ки сарбоз сигор мекашад ва ин ба афсарон хуш намеояд ва яке аз онҳо сигорро гирифта, бо он фук ва бинии сарбозро месузонад. Боз ӯро ба як хона, ки «аҷалхона» ном дошт, дароварда хеле латукуб кард. Ва ҳамин тавр ҷавонони навомада аз «дембел»-ҳо шата мехурданд. Як сабаби худкушии баъзеҳо дар ҳамин ҳам ҳаст, ки сарбозон ҷонзада мешаванд».

Ба гуфтаи равоншинос Тоҷиниссо Раҳматова ғолибан андешаи худкушӣ барои бархеҳо дар ҳолате пайдо мешавад, ки барои мисол инсон ба мушкиле рӯ ба рӯ мешаваду дар ҳалли он оҷиз мемонад ва дар ин ҳол баъзан кас рафтори худро идора карда наметавонад. Аммо дар мавриди ба хулосаи худкушӣ омадани сарбозон, ӯ мегӯяд, аксаран ба якборагӣ тағирёбии муҳиту шароити ҷавонписарон ва аз ҷиҳати равониву ҷисмонӣ мутобиқ нашудани онҳо ба муҳити нав метавонад боис ба сар задани чунин фоҷеаҳо гардад.

Ба андешаи ӯ, шунидани чунин хабару ҳолатҳо ғолибан боиси тарси волидон ва ҷавонони дигар аз хизмат дар артиш мегардад. Ба қавли ӯ барои роҳ надодан ба ин фоҷеаҳо низомиён ва ё масъулини воҳидҳои низомӣ бояд соҳиби дониши кофии равонӣ бошанд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои додгоҳи ҳарбӣ, дар соли 2008 дар маҷмӯъ 38 ҳолати фавти сарбозон бо сабабҳои мухталиф ба қайд гирифта шудааст. Вале бо ин ҳама мақомот мегӯянд, шароити хизмат дар сафҳои артиши миллӣ беҳбуд ёфтаву сафи ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба хизмат меоянд, афзудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG