Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашрияҳо: "Вақти кӣ расид?"


“Азия-плюс” дар нашри тозаи худ ба сиёсати кадрии Эмомалӣ Раҳмон пардохта, бо такя ба назари коршиносон гуфтааст, дар ин рӯзҳое, ки Тоҷикистон дар руёрӯӣ бо мушкили иқтисодӣ ранҷ мебарад, пеш аз ҳама ҳукумати кишвар ба нахуствазири тавоно ва командаи хуби иқисодӣ эҳтиёҷ дорад. Ҳамин тавр, “Азия–плюс” оғози зимистони сардро “мавсими гарм”-и тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон медонад. Ба тахмини нашрия, имсол низ Амиршо Миралиев, Муродалӣ Алимардон, Оқил Оқилов, Маҳмадназар Солеҳов, Шералӣ Хайруллоев, Абдуҷаббор Раҳмонов ва Ғуломҷон Бобозода аз ҷумлаи мансабдорони давлатие хоҳанд буд, ки ё таъриф мешунаванд ва ё чормағзи танқид болои сарашон мешиканад.

“Фараж” дар саҳифаи аввали худ акси Эмомалӣ Раҳмонро нашр кардааст, ки андешамандона ба соати дасти худ менигарад: Вақти кӣ расид? Ин нашрия гуфтааст, тасмими ҳарсолаи раисҷумҳур ба пешгӯйиҳои соҳибназарон рост намеояд ва аз ин рӯ ҳарфи ниҳоиро ба оқои Раҳмон ҳавола кардааст. Аммо “Фараж” дар ҳамкорӣ бо коршиносон феҳристи мансабдорони ҳукумати эҳтимолиеро тартиб додааст. Дар ин ҳукумати эҳтимолии “Фараж” вакили мардумӣ дар порлумон Мирзошариф Исломиддинов - сарвазири Тоҷикистон, раиси Ҳизби сотсиал-демократ Раҳматилло Зойиров - вазири адлия, раиси Кумитаи занон Хайриниссо Юсуфӣ - вазири маориф ва раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов - вазири саноат ва энержӣ таъйин шудаанд.

Дар матлаби дигари ин нашрия ҳуқуқдони маъруф Файзиннисо Воҳидова сиёсати кадрии Эмомалӣ Раҳмонро танқид карда ва гуфтааст, имрӯз бештари онҳое болои курсиҳои нарми мансабдорӣ менишинанд, ки ҳанӯз дар “соя”-и идеологияи карахти коммунистӣ “истироҳат” мекунанд. Хонум Воҳидова гуфтааст, бояд раисҷумҳур ин дафъа ҳарчи бештар ба кадрҳои ҷавон ва таҳсилдида такя кунад ва кишварро бо тавони ақлонии онҳо аз вартаи бӯҳронҳо наҷот диҳад.

“Миллат” тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистонро ба тахтаи шоҳмот монанд карда, навиштааст: кӣ меравад, кӣ меояд ва кӣ киро иваз мекунад? Аммо бештари мусоҳибони “Миллат” ба тағйироти ҷиддӣ дар ҳукумат бо назари шубҳа нигариста, ва ба “омили худиву бегона ё қавмгароӣ” дар сиёсати кадрии давлат ҳам таъкид кардаанд.

“Озодагон” навиштааст, ба ҷойи муайян кардани садоқати шахси мансабдор ба президент, бояд шоистагӣ, истеъдод, маҳорат ва кордонии ӯ меъёри асосӣ барои фаъолияташ дар ҳукумат бошад. Ин нашрия ҳамчунин гуфтааст, ҳамин тавр, “ду сол аз панҷ соли ваъдагии президент Раҳмон ҳам пушти сар шуд”, аммо бидуни дастёбӣ ба муваффақиятҳо дар куллия риштаҳои давлатдорӣ. “Озодагон” ин баҳсро ҳам матраҳ кардааст, ки пас, оё дар се соли боқимонда Раҳмон ва командаи ӯ имкони пайдо кардани кадрҳои нав дар кишварро доранд ё на.
XS
SM
MD
LG