Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Садама дар нерӯгоҳи Қайроқум


Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум бар асари садамаи техникӣ аз нимашаби 13 - ум ба 14 – уми январ комилан аз кор бозмондааст.

Инъом Сангинов, муовини сардори намояндагии идораи «Барқи тоҷик» гуфт, дар ҳоли ҳозир, корҳои барқарорсозӣ ва дубора ба кор андохтани нерӯгоҳ аз сӯи мутахассисин идома дорад.

Ба гуфтаи масъулини идораи мазкур, дар пайи садама қабати поёнии иншооти нерӯгоҳро об зер карда, агрегатҳои барқофар аз кор бозмондаанд.

Дар шабонарӯзи ахир дар бисёр шаҳру навоҳии Суғд интиқоли барқ пурра қатъ гардид. Дар маркази вилоят шоми гузашта ба манзилҳои сокинон танҳо ҳудуди як соат барқ дода шуд.

Нерӯгоҳи Қайроқум ҳудуди 2 миллион киловатт / соат дар шабонарӯз барқ тавлид мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG