Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Словакия ва Булғористон аз бӯҳрони газ


Раҳбари Словакия гуфт, ки бо иллати дар баҳси шадиди газӣ дармондани Украинаву Русия вай баъид медонад, ки дар наздиктарин фурсат ҷараёни интиқоли газ ба 18 кишвари аврупоӣ аз сар гирифта шавад. Баъди гуфтугӯҳо дар Киеву Маскав, нахуствазири Словакия Роберт Фитсо гуфт, ки шонси аз сар гирифта шудани транзити газ дар 24 ё 48 соати наздик хеле кам аст. Фитсо низои миёни Русияву Украинаро хеле амиқ ва дорои табиати сиёсӣ арзёбӣ кардааст. Раиси Комиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Бароссо вазъи баамаломадаро чун ғайри қобили қабул ва шигифтангез арзёбӣ карда гуфт, ки вай аз ширкатҳои энержии Иттиҳодияи Аврупо тақозо мекунад, то ки дар сурати адами интиқоли билофосилаи газ ширкатҳои русиву украиниро ба додгоҳ кашонанд.
Нахуствазири Булғористон Сергей Станишев дар сӯҳбат бо нахуствазири Украина Юлия Тимошенко дар шаҳри Киев ҳушдор дод, ки бӯҳрони кунунӣ метавонад таъсири идомадоре ба эътибори Украина ва Русия дар пай дошта бошад:

"Ман метавонам ба таври ошкоро ба шумо мегӯям, ки ин вазъият эътибори Украина ва Русияро барои дарозмуддат ба ҳам мезанад".

Бар тибқи созише, ки бо миёнҷигии Иттиҳодияи Аврупо ба имзо расид, қарор буд ҳафтаи ҷорӣ гази русӣ дубора ба Аврупо интиқол шавад, аммо раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев рӯзи шанбе ташкили як ҳамоиши кишварҳои дахил дар ин бӯҳронро пешниҳод кард. Раҳбарони украинӣ гуфтанд, ки барои ширкат дар чунин як ҳамоиш ба Маскав рафтанӣ нестанд. Киеву Маскав ҳамдигарро дар сар задани бӯҳрони газии кунунӣ айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG