Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Словакия баҳси газро "дорои ангезаи сиёсӣ" меномад


Раҳбари Словакия гуфт, ки бо иллати дар баҳси шадиди газӣ дармондани Украинаву Русия вай баъид медонад, ки дар наздиктарин фурсат ҷараёни интиқоли газ ба Аврупо аз сар гирифта мешавад. Баъди гуфтугӯҳо дар Киеву Маскав, нахуствазири Словакия Роберт Фитсо гуфт, ки шонси аз сар гирифта шудани транзити газ дар 24 ё 48 соати наздик хеле кам аст. Фитсо низои миёни Русияву Украинаро хеле амиқ ва дорои ангезаҳои сиёсӣ арзёбӣ кардааст. Раиси Комиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Бароссо вазъи баамаломадаро чун ғайри қобили қабул ва шигифтангез арзёбӣ карда гуфт, ки вай аз ширкатҳои энержии Иттиҳодияи Аврупо тақозо мекунад, то ки дар сурати адами интиқоли билофосилаи газ ширкатҳои русиву украиниро ба додгоҳ кашонанд. Бар тибқи созише, ки бо миёнҷигии Иттиҳодияи Аврупо ба имзо расид, қарор буд ҳафтаи ҷорӣ гази русӣ дубора ба Аврупо интиқол шавад, аммо раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев рӯзи шанбе ташкили як ҳамоиши кишварҳои дахил дар ин бӯҳронро пешниҳод кард. Раҳбарони украинӣ гуфтанд, ки барои ширкат дар чунин як ҳамоиш ба Маскав рафтанӣ нестанд. Киеву Маскав ҳамдигарро дар сар задани ин бӯҳрони газӣ айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG