Пайвандҳои дастрасӣ

Гуруснанишинии 30 афғон дар Маҷористон


Полиси Маҷористон гуфт, ки дар як калисои ҷомеи канораи Будапешт 30 шаҳрванди Афғонистон бо талаби мақоми паноҳандагии кишвари Маҷористон даст ба гуруснанишинӣ задаанд. Дар изҳороти полис гуфта мешавад, ки ин 30 муҳоҷир аз шаҳри Дебречен омада вориди калисои ҷомеи Стефани Муқаддас шуданд. Сухангӯи полис гуфт, ки феълан маҳаллаи мазкур аз ҷониби полис иҳота шуда ходимони дафтари муҳоҷирати маҳаллӣ барои гуфтугӯ бо эътисобгарон вориди калисо шудаанд. Тафсилоти бештари ин ҳодиса дар даст нест.
XS
SM
MD
LG