Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Суннатҳои поймолкунандаи ҳақи зан дар Афғонистон


Вазири умури занони Афғонистон ҳушдор дод, ки бархе расму анъанаҳои кишвар, мисли издивоҷи иҷбории духтарон ва ё хариду фурӯши занон ба мисли мол таҳқир нисбати занон мебошад ва бояд бар пояи қонун нисбати ин мавридҳо муҷозот таъйин шавад. Хонум Ҳасинбону Ғазонфар гуфт, бо вуҷуди ин ки ин гуна анъанаҳо заминаҳои мазҳабӣ ё ҳуқуқӣ надоранд, аммо мардум ба онҳо одат кардаанд. Вай ба вижа ба се анъанаи роиҷ дар кишвар ишора карда аз онҳо ба унвони поймолкунандаи ҳуқуқи зан таъкид кард: издивоҷи иҷбории духтарони хурдсол, фурӯши духтарҳо ба хонаводаи писар ва бахшиши духтар ё зани хонавода ба ҳайси хунбаҳо барои қатли узви оилаи дигаре.
XS
SM
MD
LG