Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз муҳоҷирон донистани забони русӣ талаб намешавад


Думаи давлатии Русия тарҳи қонунеро, ки аз муҳоҷирони ба ин кишвар бо ҳадафи кор сафаркунанда донистани ҳатмии забони русиро тақозо мекунад, рад кард. Тарҳи мазкур аз ҷониби Шӯрои Федератсия пешниҳод шуда буд. Муаллифони ин тарҳ мегуфтанд, ки муҳоҷирони хориҷии ба Русия бо ҳадафи кор омада бояд дар сатҳи бунёдӣ забони русиро бидонанд ва ин бояд шарти аввали ба кор қабул шудани онҳо бошад. Ҳадаф, аз назари онҳо, ҳамоиши зудтари муҳоҷирон бо ҷомеаи Русия ва такмили ихтисосу сатҳи фарҳангии онҳо мебошад. Александр Жуков, муовини нахуствазири Русия дар номаи худ оиди далелҳои қабул нашудани ин тарҳ навиштааст, ки тибқи қонунҳои ин кишвар донистани забони русӣ танҳо аз довталабони шаҳрвандии Федератсиюни Русия тақозо мешавад. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар аз тарҳи мазкур ба унвони поймолкунандаи ҳуқуқи муҳоҷирони хориҷӣ интиқод кардаанд.
XS
SM
MD
LG