Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи эътирозҳо дар Тоҷикистон аз хушунатҳои Ғазза


Шӯрои ҷамъиятии устони Суғд бо даъвати намояндагии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин вилоят изҳоротеро дар бораи қатъи даргириҳо дар Навори Ғазза қабул кардааст. Дар ин изҳорот аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ амалиёти низомии Исроил дар хоки Фаластинро, ки дар натиҷаи он садҳо сокини осоишта қурбон шудаанд, маҳкум карда ва хуруҷи низомиёни исроилиро ҳарчи зуд тақозо намудаанд. Ин дуввумин арзи норизоиятии дастаҷамъона дар шимоли Тоҷикистон аст, ки дар робита ба бӯҳрони Ғазза баён мешавад. Қаблан, ҳафтаи гузашта бо кӯшиши намояндагии Ҳизби наҳзати исломӣ дар Хуҷанд тазоҳуроти аъзо ва ҷонибдорони ин ҳизб алайҳи амалиёти низомии Исроил баргузор гардид.
XS
SM
MD
LG