Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нишасте роҷеъ ба бӯҳрони газ


Раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев ба баргузории нишасти сарони кишварҳое, ки бар асари бӯҳрони кунунии газ зарар дидаанд, даъвате ба амал овард. Вай дар мулоқот бо нахуствазирони Булғористон, Молдова ва Словакаия дирӯз чунин гуфт:

"Пешниҳод дорам дар Маскав рӯзи шанбе, 17 январи соли ҷорӣ як нишасти раҳбарони кишварҳое, ки гази Русияро дарёфт мекунанд ва ё давлатҳои интиқолдиҳандаи газ мебошанд, баргузор шавад".

Сухангӯи Кремлин гуфт, ки Украина низ барои ширкат дар ин нишаст даъват хоҳад шуд. Виктор Юшенко, раиси ҷумҳурии Украина гуфт, ки пешниҳоди мазкур як фикри хуб аст, аммо дар сурате, ки дар Маскав ташкил нашавад. Вай гуфт, беҳтар аст чунин як ҳамоише дар Бруссел ё Прага баргузор шавад, ки феълан раҳбарии давраии Иттиҳодияи Аврупоро ба ӯҳда дорад. Жозе Мануэл Бароссо, раиси Комиссиюни Аврупо ҳушдор дод, ки дар сурати барқарор нашудани ҷараёни интиқоли газ ба Аврупо Русияву Украина эътибори худро ба ҳайси шарикони иқтисодӣ аз даст дода зидди ин кишварҳо тадбирҳои ҳуқуқӣ андешида мешавад.
XS
SM
MD
LG