Пайвандҳои дастрасӣ

Мишел Обама, хонуми аввали Амрико


Аз чап --Президент Ҷорҷ Буш, ҳамсари ӯ Лора, Мишел Обама ва ҳамсари ӯ -- президенти баргузидаи Амрико Барак Обама дар Кохи Сафед, 10 ноябри соли 2008.

Аз чап --Президент Ҷорҷ Буш, ҳамсари ӯ Лора, Мишел Обама ва ҳамсари ӯ -- президенти баргузидаи Амрико Барак Обама дар Кохи Сафед, 10 ноябри соли 2008.

Дар Амрико президент ва ҳамсараш нақшеро бар ӯҳда доранд, ки дар кишварҳои дигар аъзои хонаводаҳои саланатӣ иҷро мекунанд.

Ҳамсари президент дар базму чорабиниҳои давлатӣ шарик буда, мавриди таваҷҷӯҳи расонаҳост. Баъзан таваҷҷӯҳи расонаҳо аз ҳад гузашта ҳамсари президентро бо ҳар баҳона танқид мекунанд.

Хонум Барбара Буш ҳамсари президент Ҷорҷ Буши бузург ва модари президенти кунунии ИМА мегӯяд: "Мардум ҳамсарони ҷанҷолиро дӯст намедорад."

Мардум мехоҳад ҳамсари раисҷумҳур хушлибос бошад, вале онҳо хароҷоти зиёдро дӯст намедоранд.

Солҳои ҳафтодуми асри гузашта хонуми аввали Амрико Бетти Форд Амрикоро ба ғазаб овард, зеро гуфт, ки ба интихоби духтараш дахолат намекунад. Хонум Форд мегӯяд: "Он замон бар муқобили ман ҳатто дар назди Сафед гирдиҳамоӣ ташкил карда, шикоят доштанд, ки чӣ гуна як фарди бадахлоқ мисли ман метавонад ҳамсари президент бошад. Эътироз хеле навмедкунанда буд."

Хонум Катӣ Мартон дар бораи издивоҷи президентҳо китоб навиштааст. Ӯ мегӯяд: "Хонуми аввали бузург он ҳамсари раисҷумҳур аст, ки замонаро дуруст дарк кунад. Баъзе ҳамсарон ба ин муваффақ шудаанду дигарон не."

Яке аз ҳамсарони муваффақ хонум Жаклин Кенедӣ будааст, ки дар солҳои шастуми қарни бистум аҳамияти телевизионро дарк намуда, амрикоиҳову аҳли оламро ба хонааш даъват кард.

Вақте Ҷон Кенедиро ба қатл расонданд, ин ҳузури хонуми ӯ Жаклин кенедӣ буд, ки кишварро дар рӯзҳои сӯгворӣ кумак намуд.

Хонуми аввали Амрико Ҳилларӣ Клинтон саъй намуд, ки мақоми расмӣ гирифта, дар тарҳрезии сиёсат, ба вижа ислоҳоти низоми беҳдошт, саҳм гирад. Натиҷааш зиёд хуб набуд, мардум суол мекарданд, ки "ӯро кӣ интихоб кардааст".
Хонум Клинтон ба ёд меорад: "Ман ҳам аз хатоҳо ва ҳам аз ғалатфаҳмиҳо, ки зоҳиран ба аксуламали мардум дар муқобили кори ман таъсир мегузошт, сабақ гирифта, худро дар умқи масоил ба таври бештар анъанавӣ шомил мекардам."

Ҳамчунон хонум Клинтон фаҳмидааст, ки қудрати воқеӣ бо ҳамон роҳи қадимии интихобот ба даст меояд. Хонум Клинтон номзадиашро ба ишғоли курсии Сенат пешбарӣ кард. "Ман ифтихор дорам номзадиамро пешбарӣ намоям.

Ҳамин тариқ хонум Обама имкон дорад бо таърихи беш аз 200-солаи амалкарди ҳамсарони президенти ИМА ошно шуда, баъди маросими савганди Барак Обама роҳи худро интихоб кунад.


XS
SM
MD
LG