Пайвандҳои дастрасӣ

Теҳрон аз Би-Би-Сии форсизабон нороҳат аст


Мақомоти Эрон изҳор намуданд, ки пахши барномаҳои шабакаи телевизионии Би-Би-Си бо забони форсӣ барои амнияти кишвар хатар эҷод мекунад. Вазири иттилооти Эрон Ғулом Ҳусейн Муҳсини Эҷеҳӣ гуфт, ки Теҳрон аз “чораҳои зарурӣ” кор мегирад ва аммо аз ташреҳи бештар худдорӣ намуд. Қаблан мақомоти Эрон дархости Би-Би-Си барои ифтитоҳи дафтар дар кишварро рад карда, ин шабакаро дар талоши истифодаи телевизиони форсизабон барои пайдо кардани “ҷосусҳо” дар Эрон айбдор намуд. Би-Би-Си ин иттиҳомро рад кард.

Пахши барномаҳои телевизиони Би-би-си бо забони форсӣ имрӯз шурӯъ шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG