Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Газпром" роҳи интиқоли газ ба Словакияро ёфт


Ширкати “Газпром”-и Русия изҳор намуд, ки ба интиқоли газ ба Словакия аз роҳи табодул бо Украина омода аст. Раиси ширкат Алексей Миллер имрӯз дар мулоқот бо сарвазирони Словакия, Булғористон ва Молдова ин пешниҳодро ташреҳ кард ва гуфт, "Газпром" барои истеъмоли дохилӣ ба Украина газ интиқол медиҳад ва Украина, дар навбати худ, ҳамон миқдор газро аз анборҳои зеризаминияш ба Словакия мефиристад. Миллер афзуд, ки дар мавриди Булғористон аз ин шева кор гирифтан ғайримумкин аст.

Имрӯз раҳбарияти Иттиҳодияи Аврупо ҳушдор дод, ки агар транзити гази Русия аз тариқи Украин ба зудӣ аз сар гирифта нашавад, Маскаву Киевро паёмадҳои ҷиддӣ интизор хоҳад буд. Жозе Мануэл Баррозо, Раиси Комиссиюни Аврупо гуфт, ки ба ширкатҳои аврупоӣ тавсия дода хоҳад шуд, то ба додгоҳ муроҷиат кунанд. Ӯ афзуд, ки аз кишварҳои узви Иттиҳодия даъват шудааст, манбаъҳои алтернативии маводи сӯхт ва роҳҳои интиқоли онҳоро ҷустуҷӯ намоянд. Ба гуфтаи Баррозо, агар транзити гази Русия аз тариқи Украин эҳё нашавад, Русия ва Украина аз сафи коршарикони боэътимоди Иттиҳодияи Аврупо берун хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG