Пайвандҳои дастрасӣ

Бархурди полис ва эътирозгарон дар София


Дар шаҳри София, пойтахти Булғористон, миёни кормандони полис ва эътирозгарон бархурд ба вуқӯъ пайваст. Бенизомиҳо баъд ба думболи он шурӯъ шуданд, ки тақрибан 2 ҳазор эътирозгарон ҳукуматро дар нотавонӣ барои мубориза бо фасоду ришват ва дар ҳалли мушкилоти иқтисодӣ айбдор карда истеъфои сарвазирро талаб намуданд.

Як рӯз қабл ҳамин гуна бенизомиҳо дар шаҳри Рига, пойтахти Латвия рух дода буданд. Бегаҳи рӯзи сешанбе тақрибан даҳ ҳазор нафар дар маркази шаҳри Рига алайҳи барномаи ҳукумат оид ба мубориза бо бӯҳрони иқтисодӣ эътироз карданд. Ва аммо бархе аз эътирозгарон талош карданд, ки вориди бинои парлумон шаванд ва чун полис садди роҳашон шуд, сӯи тирезаҳои бино санг андохтанд. Кормандони ҳифзи тартибот тақрибан 100 тан аз эътирозгаронро боздошт карданд. Дар бархурд тақрибан 40 нафар, аз ҷумла, чанд корманди полис ҷароҳат бардоштанд.

Сарвазири Латвия Ивар Годманис имрӯз ваъда дод, ки ширкаткунандагони бенизомиҳо дар шаҳри Рига муҷозот хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG