Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пентагон шиканҷа алайҳи боздоштшударо тайид кард


Вазорати дифоъи Амрико далели шиканҷаи як шаҳрванди Арабистони Саъудиро, ки дар даст доштан ба ҳамлаи терористии рӯзи 11 сентябри соли 2001 гумонбар мешуд, таъйид кард. Намояндаи Пентагон дар сӯҳбат бо хабарнигори рӯзномаи Washington Post иқрор кардааст, ки Муҳаммад Ал-Каҳтониро дар ҳавои сард нигаҳ медоштанд ва ӯро хоб кардан намегузоштанд. Ин тарзи муносибат бо боздоштшудаҳо шиканҷа маҳсуб намешуд ва аммо ин аъмол дар баробари Ал-Каҳтонӣ зуд-зуд сурат мегирифт. Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури Амрико чанд сол қабл гуфта буд, ки дар ИМА аз шиканҷа кор гирифта намешавад.

XS
SM
MD
LG