Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch вотч имрӯз гузориши нави солонаи худро ба нашр расонд, ки дар он вазъи ҳуқуқи инсонро дар 90 кишвари ҷаҳон баррасӣ кардааст.

Мудири иҷроии Human Rights Watch Кеннетс Ротс дар муаррифии ин гузориш гуфт, бештар аз ҳама ҳуқуқи инсон дар кишварҳои гирифтори низоъ, монанди Афғонистон, Колумбия, Конго, Гурҷистон, Исроил ва мантиқи ишғолшудаи Фаластин, Сомалӣ, Шри Лонко ва Судон ба мушоҳида расида, дар кишварҳое ҳам аз тариқи фишори сиёсӣ шаҳрвандон ранҷ дидаанд, ба монанди Бирма, Чин, Куба, Эрон, Кореяи Шимолӣ, Арабистони Саъудӣ, Узбакистон ва Зимбабве.

Дар гузоришb Human Rights Watch инчунин хилофкории ҳукуматҳое тазаккур ёфтааст, ки бо терроризм дасту панҷа нарм мекунанд, аз ҷумла Фаронса, Бритониё ва Иёлоти Муттаҳида. Ба сурати куллӣ, гузориши нави Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Ҳюман райтс вотч ҳодисаҳои нақзи ҳуқуқи занон, кӯдакон, паноҳандагон, коргарон, ҳамҷинсбозон ва дигаронро мустанад кардааст.

Вале паёми асосии гузориши нави Дидбони ҳуқуқи башар ин аст, ки ҳукумати президенти нави Амрико Барак Обама, агар мехоҳад харобкории бузурги солҳои ҳокимияти Бушро ислоҳ кунад, бояд масъалаи ҳуқуқи башарро дар меҳвари сиёсатҳои хориҷӣ, дохилӣ ва амниятии худ қарор диҳад.
XS
SM
MD
LG