Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Усома бин Лоден ба ҷиҳод алайҳи Исроил даъват кард


Усома бин Лоден, раҳбари созмони "Ал-Қоида” дар як эъломия аз тариқи Интернет мусалмонҳоро ба ҷиҳод алайҳи Исроил даъват кард. Дар эъломия, ки дар як сомонаи интернетии исломӣ нашр шудааст, Бин Лоден эълони ҷиҳодро бо амалиёти низомии Исроил дар навори Ғазза марбут кардааст. Ӯ ҳамчунин раҳбарони кишварҳои арабиро дар он айбдор намудааст, ки онҳо "ба мардуми худ барои мусоидат дар озодии Фаластин халал мерасонанд".

XS
SM
MD
LG