Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интизорот аз ҷаласаи солонаи ҳукумат


Интизор меравад, ки дар иҷлоси ниҳоии ҳукумат, ки қарор аст, имрӯз, 15 январ, шурӯъ шавад, тағйироти ҷадиди кадрӣ сурат бигирад.

Ин ҷаласа ду рӯз идома хоҳад ёфт. Ин дар ҳолест, ки иқтисоди ҷумҳурӣ ба дунболи бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ба як вазъи бӯҳронӣ рӯбарӯст ва бонкҳо тавони молии худро ба далели коҳиши интиқоли арзҳои хориҷӣ аз сӯи муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон аз даст додаанд. Сандуқи байнулмилалии пул бар асоси пажӯҳиши ахири худ дар робита ба рукуд рӯбарӯ шудани иқтисоди Тоҷикистон таъкид кардааст. Бо вуҷуди ин, бархе аз коршиносон аз тағйироти кадрӣ дар кишвар беҳбудиро дар вазъи иқтисодӣ ва сиёсӣ интизор надоранд.

Абдулғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани сиёсатмадорони Тоҷикистон, гуфт, тӯли 17 соли ахир тағйироти кадрӣ ба натиҷае ноил нашуд. Оқои Мамадазимов ба таври мисол гуфт, соли гузашта барои таъмини пешрафти кишоварзӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт, вале вазъ беҳтар нашуд, баръакс, кишоварзӣ ба бӯҳрони амиқ рӯбарӯ шуд:

«Соли гузашта менеҷерҳои ба қавли ҳукумат зиддибӯҳронӣ Муродалӣ Алимардон ва Қосим Қосимовро барои пешбурди бахши кишоварзӣ таъин карданд. Ҳамчунин, дар бахши кишоварзӣ ҷузъ пули бонкҳо давлат 160 миллион сомонӣ ихтисос дод. Бо вуҷуди ин вазъ беҳтар нашуд ва қарзи 500 миллиондоллараи деҳқонон афзуд. Ба ин далел, ман ба тағйироти кадрӣ эътимод надорам».

Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва як тан аз мунақиддони сарсахти сиёсати далвати Тоҷикистон ба ин назар аст, ки тағйироти кадрҳо ба натиҷае даст нахоҳад дод, ба ин далел, ки система ва ё низоми давлатдорӣ дар Тоҷикистон таҷдиди назар мехоҳад: «То замоне, ки ихтиёрот ва масъулият миёни раисҷумҳур ва нахуствазир тақсиму таъйин нашавад, фаъолияти вазорату кумитаҳои давлатӣ судманд нахоҳад буд».

Аммо Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази мутолеъоти сиёсии дафтари раёсатҷумҳурӣ, ба ин иддаоҳо мувофиқ нест. Ба ақидаи вай, на системаи низом, балки кадрҳо метавонанд пешрафти ҷумҳуриро таъмин кунанд: «Кадрҳои ҳирфаӣ, арзанда дар соҳаи худ, таҷрибадор ва боандеша агар таъин шаванд, албатта барои пешрафти ҷумҳурӣ кӯмак мекунанд. Мушкилотро кадрҳо ҳал мекунанд, на низоми давлатдорӣ».

Ин дар ҳолест, ки ахиран Раҳматулло Зойиров, раиси ҲСДТ, аз раисҷумҳур тақозо карда буд, ки ӯро барои ду сол вазири адлия ва ё додгустарии Тоҷикистон таъин кунад. Оқои Зойиров ҳадафи ин пешниҳодро чунин тафсир дод: «Ҳадаф аз ин пешниҳод таъмини сиёсати ҳуқуқӣ дар вазорати адлия ва умуман низоми давлатӣ буд, ки ба назари ман, то баҳол дар Тоҷикистон сиёсати ҳуқуқӣ роҳандозӣ нашудааст».

Оқои Зойиров низ мушобеҳи бархи дигари коршиносон мутмаин аст, ки далели аслии судманд набудани тағйироти кадрӣ дар сутӯҳи давлат ва дигар ниҳодҳои ҳукумат вуҷуди протексионизм, яъне хешутаборӣ ва худиву бегона дар сиёсати кадрии давлат аст: «Протексионизм сабаби аслии стогнатсия ё рукуд дар сиёсати давлат аст ва, ба назари ман, давлати Тоҷикистон дар тӯли 17 сол сиёсати воқеии кадрии худро тарҳрезӣ накардааст».

Шодӣ Шабдолов, намояндаи Маҷлиси олии Тоҷикистон, низ ба ҳамин назар аст. Ба гуфтаи вай, маҳз ба вуҷуди протексионизм дар сиёсати давлат Тоҷикистон пешрафт намекунад ва тайи 17 сол аст, ки Тоҷикистон дар ҳолати рукуд қарор дорад. Вай афзуд, «оқибатҳои сиёсати нодурусти кадрӣ ҷумҳуриро ба бӯҳрони низом мувоҷеҳ кардааст».

Ба ақидаи Шабдолов, давлат дар тағйири кадрҳо назари мардум ва ё афкори ҷомеаро сарфи назар мекунад. Раҳматулло Зойиров, раиси ҲСДТ, низ ба ҳамин нукта таъкид кард. Аз сӯи дигар, ба эътиқоди коршиносон, дар Тоҷикистон марказе фаъол нест, ки назари мардум дар робита ба масоили мубрамро пажӯҳиш кунад.

Ин дар ҳолест, ки шабакаҳои радио ва телевизиони давлатӣ ба ин масоил расидагӣ намекунанд. Ба эътиқоди Шабдолов, давлат бо мардум робита надорад ва Тоҷикистон ягона кишварест, ки рӯзнома надорад, то мардум тавонанд назари худро дар робита ба масоили мубрами ҷомеа ба давлат ироа кунанд. Ба ҳамин далел, мардум аз ҷаласаҳои давлатӣ, таъину барканории мақомот беҳбудиеро интизор надоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG