Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Баррозо ба Маскав ва Киев


Раҳбарияти Иттиҳодияи Аврупо ҳушдор дод, ки агар транзити гази Русия аз тариқи Украин ба зудӣ аз сар гирифта нашавад, Маскаву Киевро паёмадҳои ҷиддӣ интизор хоҳад буд. Жозе Мануэл Баррозо, Раиси Комиссиюни Аврупо гуфт, ба ширкатҳои аврупоӣ тавсия шудааст, ки дар робита ба иҷро нашудани қарордодҳои хариду фурӯши газ ба додгоҳҳо муроҷиат кунанд. Ӯ афзуд, аз кишварҳои узви Иттиҳодия даъват шудааст, ки манбаъҳои алтернативии маводи сӯхт ва роҳҳои интиқоли онҳоро ҷустуҷӯ намоянд. Ба гуфтаи Жозе Мануэл Баррозо, агар транзити гази Русия аз тариқи Украин эҳё нашавад, Русия ва Украин аз феҳристи коршарикони боэътимоди Иттиҳодияи Аврупо берун хоҳанд шуд.

Бар асари идомаи моҷарои газ миёни Русия ва Украин дар ин рӯзҳои сард кишварҳои аврупоӣ аз дарёфти газ маҳрум боқӣ мемонанд. Имрӯз сарвазирони Булгористон ва Словакия, ду кишвари аз ин моҷаро бештар зиёнкашидаи Иттиҳодияи Аврупо, ба Маскав ва Киев сафар карданд.

Ширкати «Газпром”-и Русия дирӯз интиқоли газ ба Аврупоро эҳё ва аммо баъд аз чанд соат онро дубора қатъ кард ва Украинро дар эҷоди монеъа дар транзити маводи сӯхт айбдор намуд. Киев, дар навбати худ, эълом дошт, ки интиқоли газ аз тариқи лулаи пешниҳодкардаи Маскав чандин минтақаи Украинро аз маводи сӯхт маҳрум мекунад.
XS
SM
MD
LG