Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳургарон муҷозот мешаванд


Сарвазири Латвия Ивар Годманис ваъда дод, ки ширкаткунандагони бенизомиҳо дар шаҳри Рига муҷозот хоҳанд шуд. Як бахши масъулият аз бенизомиҳои рӯзи гузаштаро ӯ бар дӯши созмондиҳандагони намоиши эътирозӣ вогузошт.

Бегаҳи рӯзи сешанбе тақрибан даҳ ҳазор нафар дар маркази шаҳри Рига ҷамъ омада, алайҳи барномаи ҳукумат оид ба мубориза бо бӯҳрони иқтисодӣ эътироз карданд. Ва аммо баъдан намоиш ба бенизомиҳо печид, бархе аз эътирозгарон талош карданд, ки вориди бинои парлумон шаванд ва чун полис садди роҳашон шуд, сӯи тирезаҳои бино санг андохтанд. Кормандони ҳифзи тартибот тақрибан 100 тан аз эътирозгаронро боздошт карданд. Дар бархурд тақрибан 40 нафар, аз ҷумла, чанд корманди полис ҷароҳат бардоштанд.

XS
SM
MD
LG