Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун роҳҳои хатми хушунат дар Ғаззаро меҷӯяд


Бан Ки Мун, Дабири Кулли СММ ба хотири мусоидат ба оташбас дар навори Ғазза имрӯз вориди Миср мешавад. Қарор аст, ки ӯ ва раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак роҳҳои хатми хушунат дар минтақаро биҷӯянд. Бан Ки Мун ҳамчунин аз Урдун, Исроил ва Сурия ҳам дидан мекунад ва аммо, тибқи хабарҳо, мулоқоти ӯ бо раҳбарони “Ҳамос” тарҳрезӣ нашудааст. Қаблан Исроил ва гурӯҳи “Ҳамос» қатъномаи Шӯрои амнияти СММ оид ба оташбас дар навори Ғаззаро рад карда буданд.

Амалиёти низомии артиши Исроил алайҳи гурӯҳи “Ҳамос” дар навори Ғазза 18 рӯз боз идома дорад ва бар асари он тақрибан ҳазор тан аз фалстиниҳо кушта шуданд. Дар ин муддат бар асари мушакборони “Ҳамос” 13 исроилӣ ҳам ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG