Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Корхонаи "Тоҷиказот" аз кор монд


Барои дуввумин бор дар як соли ахир фаъолияти корхонаи муштараки Тоҷикистону Кипр «ТоҷикАзот» дар шаҳри Сарбанд мутаваққиф гардидааст.

Ахиран, ширкати «Тоҷикгаз» бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши мизони қарз аз истифодаи гази узбакӣ, интиқоли газро ба «ТоҷикАзот» қатъ кард. «Тоҷикгаз» эълом дод, ки «ТоҷикАзот» дар шумули се корхонаи азими саноатии кишвар қарздори аслӣ дар назди ин ширкат аст (болиғ аз як миллион доллар) ва то пардохти маблағи қарз таҳвили гази табиӣ ба «ТоҷикАзот» ба тавқиф андохта мешавад.

Ҳикматулло Раҷабов, раиси шаҳри Сарбанд, мегӯяд, манъи интиқоли гази узбакӣ ба «ТоҷикАзот» боиси тавқифи тавлидот дар ин корхона шуда, раҳбарияти он тасмим гирифтааст, беш аз ним ҳазор кормандро ба мураххасии бемузд равона созад. Ба гуфтаи шаҳрдори Сарбанд, ҳаҷми зарари молии расида ( 5 миллион сомонӣ) дар пайи бозмондаи кори «ТоҷикАзот» низ қобили мулоҳиза будааст.

«ТоҷикАзот» шояд ягона корхонаи азими саноатӣ дар Тоҷикистон аст, ки бахши кишоварзии вилояти Хатлон ва кулли кишварро бо нуриҳои минералӣ таъмин мекунад. Бо вуҷуди ду маротиб мутаваққиф шудани кори «ТоҷикАзот», дар соли гузашта ин корхона беш аз 50 ҳазор тонна карбомид истеҳсол кардааст.

Ҳарчанд аҳолии шаҳри Сарбанд аз гази маҳаллии истихроҷмешуда аз кони гази Қизилтумшуқи ноҳияи Румӣ истифода мекунанд, аммо ба иллати паст будани фишори он, истифода аз гази маҳаллӣ дар корхонаи «ТоҷикАзот» берун аз имкон будааст.

Ҳамакнун бо гарон шудани қимати гази воридаи узбакӣ, бар асоси қарори вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, нархи газ барои ширкатҳои саноатии кишвар, аз он миён «ТоҷикАзот» 283 доллар барои ҳазор метри мукааб таъин шудааст. Дар соли гузаштаи 2008-ум, «ТоҷикАзот» ҳазор метри мукааб гази узбакиро бар ивази 647 сомонӣ, муодили 185 доллари амрикоӣ харидорӣ мекард.

Масъулини корхонаи муштараки «ТоҷикАзот» мегўянд, бо ин вуҷуд ки корхонаи мазкур танҳо ба 30 дар сади иқтидори солонааш кор мекунад, қодир аст, тамомии бахши кишоварзии Тоҷикистонро бо нуриҳои азотӣ таъмин намуда, маболиғи ҳангуфте ба буҷаи давлат ворид созад. Вале ҳар қадар бекории ин корхона тӯл кашад, имкон дорад, фанноварии он фарсудаву корношоям гардида, метавонад хисороти назаррасе ба думбол дошта бошад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG