Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2011


Имрӯз, 14-уми январ, сабқати интихобии Ҷоми футболи Осиё-2011 бо чаҳор бозӣ шурӯъ хоҳад шуд.

Нахуст дастаҳои мунтахаби гурӯҳи D – Вйетнам – Лубнон, Сурия - Чин ва гурӯҳи E – Эрон – Сингапур ва Урдун – Тайланд - рақобат хоҳанд кард.

То имрӯз панҷ дастаи ширкаткунандаи сабқати ниҳоӣ маълуманд. Инҳо мунтахаби Ироқ - қаҳрамони Осиё дар соли 2007, Арабистони Саъудӣ - барандаи медали нуқра ва Кореяи Ҷанубӣ - барандаи медали биринҷӣ, Қатар – мизбони сабқати ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 ва Ҳиндустон - барандаи Ҷоми даъвати AFC (Конфедеросиюни футболи Осиё) дар соли 2008 мебошанд.

Ба онҳо 10 дастаи зӯртарини сабқати гурӯҳӣ ( аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ) ва ғолиби Ҷоми даъвати AFC дар соли 2010 мепайванданд.

Бад-ин тартиб дар сабқати ниҳоии Ҷоми Осиё 16 даста ширкат хоҳанд кард.

Вале дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ки соли гузашта аз ҳаққи ширкат дар сабқати ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 маҳрум шуд, имкон дорад, соли оянда дар мусобиқаи Ҷоми даъвати Осиё барои дарёфти роҳхат мубориза барад.

Ҷоми Осиё-2011 – ҳайъати гурӯҳҳои даври интихобӣ:

Гурӯҳи A
A1 Ҷопон
A2 Баҳрайн
A3 Ҳонконг
A4 Яман

Гурӯҳи B
B1 Австралия
B2 Индонезия
B3 Уммон
B4 Кувайт

Гурӯҳи C*
C1 Узбакистон
C2 АМА
C3 Малайзия

Гурӯҳи D
D1 Вйетнам
D2 Чин
D3 Сурия
D4 Лубнон

Гурӯҳи E
E1 Эрон
E2 Тайланд
E3 Урдун
E4 Сингапур

* - баъди ихроҷи Ҳиндустон

XS
SM
MD
LG