Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали "Озодӣ"-и Буш ба се давлатмард


Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш шоми дирӯз баландтарин ҷоизаи мулкиро ба се раҳбари хориҷӣ эъто кард, ки аз онҳо ба унвони муттафиқони худ ёд мекунад. Буш нишони президентии "Озодӣ"-ро ба раиси ҷумҳурии Колумбия Алваро Урибе ва нахуствазирони пешини Бритониёву Австралия - Тонӣ Блэр ва Ҷон Ҳовард тақдим кард. Дар яке аз маросимҳои хотимавии қабл аз тарки вазифа карданаш Буш аз ин се давлатмард чун мардоне ёд кард, ки "ба чашми кас нигариста ҳарфи ростро ба забон меоранд ва ба ваъдаи худ вафо мекунанд".
XS
SM
MD
LG