Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мисру СММ Ҳамосро ба оташбас даъват мекунанд


Миёнҷиҳои мисрӣ гурӯҳи фаластинии Ҳамосро фишор меоранд, то ки созишномаи сулҳро бипазирад. Ин дар ҳолест, ки бо ҳадафи даъвати ҷонибҳои даргир ба сулҳ дабири кулли СММ Бан Ки Мун роҳи Ховари Миёнаро пеш гирифтааст. Оқои Бан аз тарҳи сулҳи Миср оид ба хатми даргириҳо дар Ғазза пуштибонӣ кардааст. Қабл аз он ки Ню-Йоркро бо ҳадафи минтақа тарк кунад, Бан Ки Мун аз Исроил ва Ҳамос талаб кард, ки қатъномаи Шӯрои амниятро оид ба хатми хушунатҳо ва боз кардани роҳи кӯмакҳои башарӣ ба Ғазза бипазиранд. Аъзои Шӯрои амнияти СММ ба таври якҷониба аз талошҳои Бан Ки Мун барои хатми ҷангҳо дар Ғазза пуштибонӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG