Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аврупо аз Эрон хатми сангзаниро тақозо кард


Иттиҳодияи Аврупо ҳодисаи сангзании ду марди муҷрим ба хиёнати ҳамсаронашонро дар Эрон маҳкум ва хатми иҷрои ин таҷрибаро аз мақомоти ин кишвар тақозо кард. Дар изҳороти ҳукумати Ҷумҳурии Чех, раҳбари давраии Иттиҳодияи Аврупо омадааст, ки Теҳрон бояд замонат диҳад, ки ҷазои сангзанӣ воқеан ҳам барои ҳамеша бекор мешавад. Мақомоти додгустарии Эрон дирӯз таъйид карданд, ки воқеан ҳам ду мардеро, ки дар хиёнат ба ҳамсаронашон муттаҳам мешаванд, дар шаҳри шимолии Машҳад муҷозот карданд. Аммо муҷрими сеюм тавонистааст аз зарбаҳои гирифтааш эмин монда аз маҳалли иҷрои ҳукми сангзанӣ фирор кунад. Тибқи қонунҳои исломӣ, дар сурате, ки нафари маҳкум ба сангзанӣ тавонад раҳо шуда фирор кунад, дигар ӯ озод мешавад.
XS
SM
MD
LG