Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори Толибон дар Ҳилманд


Як фармондеҳи артиши Афғонистон гуфт, ки нирӯҳои заминӣ бо пуштибонии сарбозони НАТО 12 ҷангии Толибонро дар як задухӯрд дар ҷануби ин кишвар ба ҳалокат расонданд. Генерал Муҳайдин Ғӯрӣ гуфт, ки ҷангиёни Толибон дар натиҷаи ҳамлаҳои мушакӣ шоми душанбе дар як даргирии вилояти Ҳилманд кушта шуданд. Толибон иддао карданд, ки дар маҳалле бо исми Сафаид Масҷид чанд сарбози артиши Афғонистон ва НАТО-ро ба ҳалокат расондаанд. Дар гузориш роҷеъ ба ҳалокати се ҷангӣ ва се фарди мулкӣ хабар дода мешавад.
XS
SM
MD
LG