Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден дар Ироқ


Муовини раисҷумҳурии мунтахаби Амрико Ҷо Байден, ки бо як сафари ғайримунтазирааш дар Ироқ қарор дорад, бо нахуствазири ин кишвар Нурӣ Ал-Моликӣ дидору гуфтугӯ анҷом дод. Ҷо Байден изҳор дошт, ки ҳукумати Барак Обама ният дорад, сарбозони амрикоиро аз хоки Ироқ берун кунад. Бар тибқи муоҳадаи амниятии миёни Бағдоду Вашинтон куллия артиши Амрико бояд хоки Ироқро то соли 2012 тарк кунанд. Пеш аз сафараш ба Бағдод Ҷо Байден аз Покистону Афғонистон низ боздид карда буд.
XS
SM
MD
LG